Июн 23, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар байни кишварҳои  ИДМ

Кумитаи омори СНГ Тоҷикистонро фақиртарин кишвар дар байни кишварҳои пасошӯравии узви ин созмон эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бино бар омори ин ниҳод, 30.3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Як сол пеш фақиртарин кишвар дар ин омор Қирғизистон буд, вале ин кишвар дар ҳоли ҳозир мизони афроди зери хатти фақрашро аз 32 то 25 дарсад коҳиш додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, бо вуҷуди коҳиши 0.7 дарсадии сатҳи фақр дар Тоҷикистон дар се соли ахир, боз ҳам 30.3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар зери фақр ба сар мебаранд.

Ба истиснои Туркманистон ва Узбакистон, ки иттилооти омории худро дар бораи сатҳи фақр дар кишварашонро ба Кумитаи омори СНГ ироа надодаанд, Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои узви кишварҳои СНГ, дар ҷойи аввал қарор дорад.

Арманистон дувумин кишвари фақир дар байни кишварҳои ИДМ бо доштани 29.4 дарсади аҳолии зери хатт фақр аст.

Омори фақри мутлақ дар Тоҷикистон яъне афроде, ки даромади рӯзонаи онҳо камтар аз 1.9 доллар аст дар байни ин кишварҳо 4.8 дарсади аҳолӣ, яъне беш аз 400 ҳазор нафар аст.