Июн 24, 2018 09:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти сементи Тоҷикистон ба Узбакистон

Тоҷикистон бо афзоиши содироти сементи худ ба Узбакистон, муваффақ шуд тарози муомилоти тиҷориаш бо ин кишвари ҳамсояро ба нафъи худ тағйир диҳад.

Ба гузориши Спутник, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтааст, ба иллати рушди сохту соз дар Узбакистон ниёз ба семент бо кайфияти тавлидшуда дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст.

Тоҷикистон ба Узбакистон сементи анвои 400, 500 ва 600 содир мекунад, ки аз кайфияти бисёр болое бархӯдор аст; Дар ҳоле, ки бо вуҷуди бозсозии таҷҳизоти корхонаҳои тавлиди сементи Узбакистон, дар таркиби маводи аввалияи ин масолеҳи муҳимми сохтумонӣ, гаҷ вуҷуд дорад, ки бар кайфияти он таъсири баде мегузорад.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, Узбакистон солона ба панҷ миллион тон семент ниёз дорад, ки акнун як панҷум аз ин маҳсули сохтумонӣ аз Тоҷикистон ворид мешавад.  

Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо афзоиши содироти сементи бо кайфият, бахше аз ниёзи бозори Узбакистонро таъмин кунад.

Аз сӯи дигар ба гузориши вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон, тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ, 322 ҳазор тон семент ба Узбакистон содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл, 16.3 баробар бештар аст.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ, муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон ба 94 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, ду баробар бештар аст.

Дар ин миён содироти Тоҷикистон ба Узбакистон 54 миллион доллар ва воридот аз ин кишвар 40 миллион доллар будааст.