Июн 26, 2018 09:59 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон вориди Хуҷанд шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соате пеш вориди шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд шуд.

Хуҷанд сеюмин мақсади боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шимоли ин кишвар тайи рӯзҳои ахир аст. Ӯ пеш аз ин аз ноҳияҳои Айнӣ ва Истаравшан боздид кард. Хабаргузории давлатии “Ховар” вуруди раисҷумҳури Тоҷикистон ба Хуҷандро идомаи сафар кории ӯ дар манотиқи мухталифи вилояти Суғд эълом кардааст.

Сафари ҷории раисҷумҳури Тоҷикистон ба шимоли ин кишвар бо ҳошияҳое ҳамроҳ буд. Тибқи иттилои сомонаи “Ахбор”, Эмомалӣ Раҳмон ба дунболи маросими бошукӯҳ дар ноҳияи Айнӣ аз ёвари худ Абдуҷҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба далели истифода аз духтарону наврасон дар маросими истиқбол интиқод кард. Ин интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон дар навъи худ камсобиқа арзёбӣ шудааст.