Мамнуияти фаъолияти хориҷиҳои ронандаи таксӣ дар Русия
Ширкатҳои бузурги таксиронии Русия эълом кардаанд, аз аввали июли соли ҷорӣ фаъолияти ронандагони хориҷии машғул ба таксиронӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳоро мамнуъ хоҳанд кард.
Ба гузориши “ТОП Тҷ”, масъулони ин ширкатҳо гуфтаанд, бар асоси қонуни ҷадид дар Русия, аз ин таърих ронандагии шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо бо гувоҳиномаи миллии онон мамнуъ хоҳад шуд.
Дар соли 2017 Думаи давлатии Русия қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он аз ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ танҳо гувоҳиномаҳои ронандагии русиро барои ронандагон дар ин кишвар муътабар медонад.
Ин дар ҳолест, ки 40 дарсад аз ронандагони таксиҳо ва мошинҳои боркаш дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Теъдоде аз ронандагони тоҷикистонии таксиҳои мусофиркшӣ дар Маскав гуфтаанд, полиси роҳи Русия ба онон ҳушдор додааст, аз аввали июли соли ҷорӣ бо гувоҳиномаҳои ронандагии миллии худ наметавонанд фаъолият кунанд ва дар сурати қонунвайронкунӣ, ба пардохти 600 ҳазор рубл (ҳудуди даҳ ҳазор доллар) ҷарима хоҳанд шуд.
Ҳамчунин теъдоде аз ронандагони тоҷик шикоят кардаанд, талоши онон барои гирифтани гувоҳиномаҳои ронандагии русӣ бидуни натиҷа буда ва бо сахтгириҳои шадиде дар идороти полиси Русия рӯбарӯ шудаанд.
Аммо дар ин қонун барои ронандагони таксӣ ва мошинҳои боркаш аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамчун шаҳрвандони Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон истисно вуҷуд дорад ва онон метавонанд дар Русия бо гувоҳиномаҳои ронандагии миллии худ фаъолият кунанд.