Таъхир дар парвозҳои Тоҷикистон ва Русия
Мусофирони масирҳои Душанбе – Маскав ва баракс аз бурузи таъхирҳои зиёд дар парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишвар шикоят мекунанд.
Ба гузориши Спутник, ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” дар соли 2017 беш аз 2500 парвоз анҷом додааст, ки дар 675 маврид бо таъхир ҳамроҳ будааст.
Авзоъ дар ширкати хусусии ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон низ аз ин беҳтар нест ва аз чаҳор якҳисса аз тамоми парвозҳои ин ширкат дар соли 2017 бо таъхир анҷом шудааст.
Дар маҷмуъ ба гуфтаи мақомоти ширкати байналмилалии фурудгоҳи Душанбе, дар соли 2017 наздик ба 1 ҳазору 300 маврид таъхири парвозӣ дар ин фурудгоҳ ба сабт расида, ки ба авомили мухталифе иртибот доштааст; Ба тавре, ки дар 904 мавриди таъхирҳо, ҳавопаймоҳо натавонистаанд ба мавқеъ ва бар асоси ҷадвали аз қабл таъйин шуда, парвоз кунанд. 230 маврид таъхири парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба далели ноҳамоҳангӣ миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ, иттифоқ афтода ва дар соири маворид низ вазъи номусоиди ҳаво ва нақси фаннӣ, мӯҷиби таъхир дар парвози ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шудааст.
Ҳамчунин дар соли 2017 аз мусофирон 1 ҳазору 91 маврид шикоят дарёфт шуда, ки ба 1 ҳазору 72 маврид расидагӣ шудааст ва шикояткунандаҳо ризоят додаанд.
Тайи ин муддат 2 ҳазору 470 тонн бор тавассути ҳавопаймоҳо ҷобаҷо шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016, афзоиши наздик ба 7 дарсадиро нишон медиҳад.