Июл 07, 2018 09:37 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи афсари Горди миллии Тоҷикистон

Додгоҳи низомии ноҳияи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон алайҳи Фирдавс Қурбонов, афсари воҳиди низомии Горди миллии ин кишвар ба иттиҳоми саҳлангорӣ дар ифои вазифа, ки боиси худкушии яке аз сарбозон шуда, парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, Раҷабалӣ Каримови 21 сола, ки барои хидмати низомӣ дар соли 2017 ба воҳиди низомии Горди миллии Тоҷикистон ҳозир шуда буд, дар моҳи майи соли ҷорӣ ба зарби гулӯла худкушӣ кард. Акнун афсар Фирдавс Қурбонов бояд дар додгоҳ посухгӯи ин ҳодиса бошад.

Аммо хонавода ва вакили мудофеи Раҷабалӣ Каримов, сарбози мақтул муддаиянд, ки ин афсар дар қазияи марги фарзанди онон танҳо нест ва бояд фармондеҳи воҳиди низомии Горди миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт низ ба унвони сабабгори худкушии Раҷабалӣ Каримов ба ҳайси муқассир мавриди муҳокима қарор гирад.

 Аъзои хонаводаи ин сарбози мақтул дар бадани вай қабл аз хоксупорӣ осори латукӯбро мушоҳида карда ва наворе низ дар ин замина таҳия кардаанд.

Ориф Султонов, вакили мудофеи хонаводаи Раҷабалӣ Каримов муътақид аст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи афсарон ва фармондеҳони воҳиди низомии Горди миллии Тоҷикистон бояд дубора такмил шуда ва муқассирони воқеӣ мушаххас шаванд.

Аз сӯйи дигар, созмони ғайридавлатии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки мавзӯи бадрафторӣ ва хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, аз сабти 10 мавриди кушта шудани сарбозон бар асари латукӯби ҳамқаторонашон тайи 3 соли ахир хабар додааст.