Июл 11, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои қазоии Узбакистон ва Тоҷикистон афзоиш меёбад

Раиси Додгоҳи олии Узбакистон дар раъси як ҳайъат аз мақомоти қазоии ин кишвар ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба нақл аз Форс, Комилов дар ин сафари дурӯза бо мақомоти қазоии Тоҷикистон дидор хоҳад кард ва тибқи барнома дар заминаи ҳамкориҳои наздики байни ду кишвар тафоҳумномаҳое ба имзо хоҳад расид.  

Тарафайн мушкилоти мавҷуд дар заминаи қазоӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода ва дар заминаи афзоиши ҳамкорӣ дар ин замина иқдомотеро сурат хоҳанд дод. Узбакистон ва Тоҷикистон ду кишвар аз кишварҳои Шӯравии собиқанд, ки пас аз истиқлол дар 1991 бо мушкилоте дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла таҳдиди марзҳо ва мавзуи тақсими об рӯ ба рӯ шуданд, ки дар як соли ахир ва пас аз марги раисҷумҳури собиқи Узбакистон равобити ду кишвар ба самти беҳбудӣ ҳаракат кард.