Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад
(last modified Mon, 16 Jul 2018 03:31:11 GMT )
Июл 16, 2018 08:31 Asia/Dushanbe
  • Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Як ширкати чинӣ эълом кард, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 3 мактаби нав хоҳад сохт.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, ин мактабҳо дар зарфиятҳои гунҷоиши 320 ва 640 донишомӯз дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд аз сӯйи ширкати чинии “Рower Сhina” бунёд карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ширкатҳои чинӣ дар ин кишвар 7 мактаб сохтаанд, ки дар ин марказҳои омӯзишӣ 12 ҳазор донишомӯз ба таҳсил машғуланд.

Аз сӯйи дигар, дар 112 донишгоҳи Чин наздик ба 3 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои мухталиф машғул ба омӯзиши улум ҳастанд.

Ҳамчунин давлати Чин пешниҳоди сохти як донишгоҳи байналмилалӣ барои 40 ҳазор донишҷӯро дар шаҳри Душанбе ба давлати Тоҷикистон ироа кардааст. Чун Лу, намояндаи маркази фановариҳои ҷадиди Чин дар шаҳри Линдау гуфтааст, ки донишҷуёни тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар ин донишгоҳи байналмилалӣ дар 42 ришта, аз ҷумла муҳандисӣ, пизишкӣ, дорусозӣ, мудирияти иқтисод ва тиҷорату мутарҷимӣ омӯзиш бубинанд.

Давлати Чин барои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон ва истихроҷи маъдан ба ин кишвар вомҳои молии баландмуддат ихтисос додааст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллар эълом шудааст.