Июл 18, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки Тоҷикистон ва Русия

Вазорати дифои Тоҷикистон аз оғози размоиши муштараки ин кишвар бо Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

Вазорат эълом кард, дар ин размоиш 10 ҳазор нафар аз низомиёни тоҷик ва 400 низомии русӣ ҳамроҳ бо таҷҳизоти низомӣ, ширкат карданд.

Ин размоиш, ки дар наздикии марзҳои Тоҷикистон бо вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст, то ҷумъа идома дорад.

Дар баёнияи вазорат омадааст, дар ин размоиш нерӯҳои муштараки тоҷик ва рус барои муқобила бо таҳоҷуми эҳтимолӣ ва вуруди террористҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон тамрин мекунанд.