Таъсири осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36728-Таъсири_осонсозии_дарёфти_шаҳрвандии_Русия_ба_Тоҷикистон
Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия эълом карданд, бар асоси тарҳи ҷадиде, ки бо ибтикори раисҷумҳури ин кишвар ироа шудааст, донистани забон русӣ меъёри аслии дарёфти шаҳрвандии Русия хоҳад шуд, ки ин равандро хеле осон мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 19, 2018 08:15 Asia/Dushanbe
  • Таъсири осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия ба Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия эълом карданд, бар асоси тарҳи ҷадиде, ки бо ибтикори раисҷумҳури ин кишвар ироа шудааст, донистани забон русӣ меъёри аслии дарёфти шаҳрвандии Русия хоҳад шуд, ки ин равандро хеле осон мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, бархе коршиносон муътақиданд, ин иқдом мӯҷиб хоҳад шуд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани шаҳрвандии Русия ва рафтан ба ин кишвар барои кору зиндагӣ талош кунанд. Аммо доктор Сергей Абашин, устоди Донишгоҳи байналмилалии Санкт-Петербург ва коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, бо вуҷуди сафҳои тӯлонӣ дар консулгарии Русия дар Тоҷикистон барои дарёфти муҷаввизи кор ва иқомати доимӣ дар Русия ва осонсозии шароити касби шаҳрвандии Русия ин раванд густурда нахоҳад буд, чаро ки миёни Тоҷикистону Русия созишномаи шаҳрвандии дугона вуҷуд дорад, ки шароити касби ин мақомро тасҳил мекунад. Ӯ муътақид аст, ки ҳамасола 15-20 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрванди Русия мешаванд. Ҳамчунин теъдоди зиёде аз тоҷикҳо дар дохили Тоҷикистон дархости дарёфти тобеияти Русияро ироа мекунанд. Зеро ин иқдом вуруди озодонаи онон ба Русия, пайдо кардани ҷой кор ва ҳуқуқи бознишастагиашонро таъмин мекунад. Бо ин ҳол, агар давлати Тоҷикистон мехоҳад аз хурӯҷи мутахассисон аз ин кишвар ҷилавгирӣ кунад, бояд барои беҳбуди шароити маишии ин афрод иқдом намояд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран фармон дод, ки шароити дарёфти тобеияти ин кишвар барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ осон шавад ва донандагони забон русӣ ва мутаваллидони қаламрави шӯравии собиқ дар авлавият қарор бигиранд.