Июл 20, 2018 20:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар бахши омӯзишу парвариш

Тоҷикистон ва Узбакистон дар пайи ниҳоӣ кардани тасвиби қарордод барои сохти мактаб ва кӯдакистон дар кишварҳои якдигар ҳастанд.

Ин матлабро Раҳматуллоҳ Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Пеш аз ин сохти як мактаб ва як кӯдакистон дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғонаи Узбакистон аз сӯи Тоҷикистон ва тарҳҳои мушобеҳ дар вилоятҳои Суғд ва Қубодиёни Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон матраҳ буд.

Акнун ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, мақомоти Душанбе ва Тошканд дар садади омодагӣ ба имзои қарордодҳои оғози амалиёти сохтусоз ҳастанд.

 Раҳматуллоҳ Мирбобоев ҳамчунин гуфт, коргурӯҳе дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба манзури интишори китобҳои дарсӣ барои мактабҳои узбакзабон ташкил шудааст.

Ин хабар дар ҳоле мунташир шудааст, ки қарор аст ба зудӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ роҳии Узбакистон шавад.