Июл 22, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Имкони имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Имкони имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҷараёни сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории CA-News, Худойбердӣ Холиқназар мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хабарро дар нишасти "Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Узбакистон" дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Вай ҳадаф аз имзои ин тавофуқномаро боло бурдани сатҳи муносиботи Душанбе ва Тошканд ба ҳамкориҳои роҳбурдӣ унвон кардааст.

 Эргаш Шоҳисматов сафири Узбакистон дар Тоҷикистон низ дар ин нишаст гуфтааст, нахустин дидори расмии Шавкат Мирзёев раиси ҷумҳурии кишвараш аз Тоҷикистон дар моҳ марти соли ҷорӣ, заминаи оғози фасли ҷадиде дар равобити Душанбе ва Тошкандро фароҳам кард.

Вай аз бозгушоии тамоми гузаргоҳҳои марзии байни ду кишвар, сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба муддати 30 рӯз, азсаргирии ҳаракати қаторҳо ба вилояти Хатлон, оғози содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон ва гази Узбакистон ба Тоҷикистонро аз дастовардҳои муҳими сафари Мирзиёев ба Душанбе унвон кард.

 Вай таъкид кардааст, Узбакистон барои сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ дар ҳоли омода шудан аст, то замина имзои созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Тошканд ва Душанбе фароҳам шавад.

 Илова бар дидори сарони ду кишвар ва имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, санъат, кишоварзӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, фарҳангӣ ва гардшгарӣ, бахшҳои хусусии Узбакистон ва Тоҷикистон низ роҳҳои густариши равобити дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.