Июл 26, 2018 08:38 Asia/Dushanbe
  • Чин теъдоди донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳояшро афзоиш дод

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистону Чин дар бораи афзоиши теъдоди донишҷӯёни тоҷики бурсияӣ дар донишгоҳҳои Пекин ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Сайфиддин Давлатзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон пас аз дидор бо Петер Ванг Шенганг, муовини мудири умури бурсия дар донишгоҳҳои Чин дар шаҳри Душанбе гуфт, Пекин мутааҳҳид шудааст, тайи соли таҳсили 2018-2019 илова бар саҳмияи 300-нафарӣ 50 донишҷӯи тоҷикро пазириш кунад.

Дар соли таҳсилии 2017-2018 давлати Чин 300 донишҷӯи тоҷикро барои омӯзиш дар донишгоҳҳои ин кишвар бар асоси бурсия пазируфта буд. Беш аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар 112 донишгоҳи Чин дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, дар оғози соли таҳсили ҷадид дар моҳи сентябр 830 донишҷӯи тоҷик аз ҳисоби бурсия барои омӯзиши улуми мухталиф ба донишгоҳҳои 6 кишвари хориҷӣ эъзом хоҳанд шуд. Бештарини донишҷӯён дар донишгоҳҳои Русия пазириш шудаанд, ки теъдодшон 618 нафар аст ва бар асоси бурсия омӯзиш хоҳанд дид. Ҳамчунин барои соли таҳсилии ҷадид кишвари Чин 150 нафар, Қазоқистон 50 нафар, Қирғизистон 50 нафар, Украина 18 нафар, Беларусия 8 донишҷӯи тоҷикро бар асоси бурсия дар донишгоҳҳои худ пазириш кардаанд ва 5 ҳазор донишҷӯи дигари тоҷик бо пардохти шаҳрия ва ҳазинаи таҳсил аз ҳисоби худ вориди донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шудаанд.