Июл 28, 2018 08:32 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон дувумин ҷамъияти пуртеъдоди коргарони муҳоҷир дар Русия

Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эълом кардааст, дар соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дувумин ҷамъияти пуртеъдоди коргарони муҳоҷир дар Русияро ташкил медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, тайи соли ҷорӣ ҳашт миллиону 216 ҳазору 812 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир сабти ном шудаанд, ки як миллиону 131 ҳазору 392 нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Аз нигоҳи теъдоди коргарони муҳоҷири сабтиномшуда дар Русия, дар соли ҷорӣ кишвари Ӯзбакистон бо ду миллиону 247 ҳазору 519 нафар, дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифтааст.

Ҳамчунин тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 16 ҳазору 324 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тобеияти Русияро дарёфт кардаанд, ки пас аз Украина ва Қазоқистон дар радифи севум қарор гирифтаанд.

Дар соли 2017 беш аз 29 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромада буданд.

Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор бо хонаводаҳои худ ба Русия мераванд, талош мекунанд бо дарёфти шаҳрвандии ин кишвар, дар Русия бимонанд.