Июл 30, 2018 09:00 Asia/Dushanbe
  • Масъули озмуни донишгоҳӣ дар Русия муттаҳам ба ҳимоят аз тоҷикон

Масъули Комиссияи озмуни вурудии Донишгоҳи давлатии кишоварзии шаҳри Ростов, дар ҷануби Русия, ба ҳимоят аз довталабони тоҷикистонӣ ҳангоми баргузории озмуни вуруд ба ин маркази омӯзишӣ муттаҳам шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, манобеи Кумитаи таҳқиқоти Русия дар вилояти Ростов бидуни зикри номи ин хонум гуфтаанд, вай бо истифода аз симати худ талош кардааст тамоми 28 донишҷӯи тоҷик барои таҳсил дар ин донишгоҳ аз роҳи буҷетӣ қабул шаванд.

Ин иқдом боиси эътирози дигар довталабон шуд ва акнун баррасиҳо дар бораи он идома дорад.

Иддао мешавад, масъули Комиссияи озмуни вурудии Донишгоҳи давлатии кишоварзии шаҳри Ростов ҳангоми баргузории озмуни вурудӣ, аз дигар аъзои ин комиссия хостааст, “ҳавои довталабони тоҷикро дошта бошанд” то ин афрод барои таҳсили буҷетӣ қабул шаванд.

Довталабони муваффақ дар озмуни вурудии Донишгоҳи давлатии кишоварзии шаҳри Ростов имкони бурсия (таҳсил аз ҳисоби давлат) шуданро доранд ва ҳазинаи таҳсили онон аз сӯйи давлати Русия пардохт мешавад. Вале дигар хоҳишмандон бояд маблағи шартномаи таҳсилии худро пардохт кунанд.

Кормандони Кумитаи таҳқиқоти Русия дар вилояти Ростов алайҳи ин масъули Комиссияи озмуни вурудии Донишгоҳи давлатии кишоварзӣ ба иттиҳоми сӯиистифода аз мақоми шуғлӣ парвандаи қазоӣ ташкил додааст.