Ҳамза ва модараш шиносномаҳои хориҷӣ гирифтанд
Чанд лаҳза пеш мақомоти ОВИР ба Исломиддин Зайниддинов, қудои Муҳиддин Кабирӣ шиносномаҳои хориҷии набераи чорсолаи онҳо Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ва модараш Мижгона Зайниддиноваро доданд.
Ба иттилои Ахбор, акнун Ҳамза, ки гирифтори бемории саратон аст, метавонад бо модараш барои табобат ба хориҷи Тоҷикистон сафар кунад.
Наздикони хонаводаи Зайниддиновҳо акси шиносномаҳои хориҷии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи чорсолаи раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва келинаш Мижгона Зайниддиноваро фиристоданд.
Ба гуфтаи онҳо, нисфирӯзии 1 август мақомоти ОВИР – Хадамоти шиносномадиҳӣ ва сабти номи ВКД Тоҷикистон шиносномаҳои Ҳамза ва модарашро ба Исломиддин Зайниддинов, бобои модарии ин кӯдак супурдаанд. Мақомоти ОВИр гуфтаанд, ки акнун модари Ҳамза метавонад бидуни мушкиле кӯдакашро барои табобат ба хориҷ барад.
Шиносномаҳои Ҳамза ва модараш ҳанӯз рӯзи 27 июл таҳия шуда, баъди 4 рӯз ба онҳо дода шудааст. Шиносномаи Ҳамза ба номи Иброҳим Руҳуллоҳ Тиллозода 3 сол – то 26 июли соли 2021 ва аз модараш то соли 2028 эътибор доранд.
Мижгона Зайниддинова баъди ташхиси бемории саратон дар бадани Ҳамза чанд дафъа аз мақомот хост, ки ӯро ба хотири табобати фарзандаш иҷозати сафар ба хориҷ бидиҳанд, вале ба ӯ чунин иҷозат дода нашуд.