БОР ва Чин – бузургтарин сармоягузорон дар Тоҷикистон
Бонки Рушди Осиё ва Чин бештарин мизони сармоягузории молиро дар иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол анҷом додаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик” ТА, Фаррух Ҳамроҳалиев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ин муддат мизони сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон се миллиарду 300 миллион сомонӣ (муодили 350 миллиону 300 ҳазор доллар) баровард шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 25.8 дарсад бештар аст.
Дар ин муддат Чин бо 200 миллион доллар, Русия бо 21 миллион доллар ва Туркия бо 17 миллион доллар аз муҳимтарин кишварҳои сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд. Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир тарҳҳои зиёдеро дар Тоҷикистон ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ сармоягузорӣ мекунанд, ки дар шакли қарз, кумакҳои бебозгашт ва саҳми муштараки ҳукумати ин кишвар ва тарафҳои хориҷӣ иҷро мешаванд. Аз ҷумла бо сармоягузории Бонки Рушди Осиё ба мизони 743 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 594 миллион доллар, кишвари Чин 467 миллион доллар, Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо 403 миллион доллар ва Бонки Рушди Исломӣ 148 миллион доллар 25 тарҳи муҳим дар Тоҷикистон дар даст иҷро аст. Аз ин мизон беш аз 53 дарсад қарз, 41 дарсад кумакҳои бебозгашт ва бақияи тарҳҳо сармоягузории муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва тарафҳои хориҷӣ ба ҳисоб меояд.