Август 05, 2018 13:51 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони иҷлоси Шӯрои гардишгарии ИДМ

Нишасти Шӯрои гардишгарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 10-11 август ба мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти Шӯрои гардишгарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо гузориши намояндаи Тоҷикистон дар хусусии сиёсати давлат ин кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ оғоз шавад.

Сипас ширкаткунандагони ин нишаст раванди иҷрои барнома барои солҳои 2018-2020 дар заминаи амалисозии стратегияи рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ дар ҳавзаи туризм то соли 2020-ро баррасӣ мекунанд.

Беҳбуди созмондиҳии туризми кӯдакон ва ҷавонон ва истифода аз беҳтарин шеваҳои ҷазби ин қишр ба фаъолиятҳои гардишгарӣ дар маҳдудаи кишварҳои ИДМ аз дигар масоиле хоҳад буд, ки дар ин нишаст баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин қарор аст дар ин иҷлос беҳбуди сохтори мудирияти бахши гардишгарӣ бо ҳадафи бозорёбии муассир, тавсиаи мушорикатҳои давлатӣ ва хусусӣ бо анҷуманҳои умумӣ, тарвиҷи гардишгарии дохилӣ ва хориҷӣ, афзоиши рақобатпазирӣ ва ҷазби сармоягузорӣ дар ин арса баррасӣ шавад.

Аъзои ин шӯро иқдомоти лозим барои тақвияти соҳаи туризм дар бозори дохилии кишварҳои ИДМ, муттаҳидсозии талошҳо барои эҷоди як маҳсули гардишгарии муштарак ва тарвиҷи он дар бозори ҷаҳониро мавриди баҳсу табодули назар қарор медиҳанд.