Август 08, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Сафари рӯзноманигорони Ӯзбакистон ба Тоҷикистон

Пас аз вуруди як гурӯҳ аз кормандони матбуот ва радиову телевизионҳои Ӯзбакистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон, ҳайати дувум аз ин афрод рӯзи 10 – уми августи соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон сафар хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар чорчӯби барномаи ҳамкории расонаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, рӯзи ҳафтуми августи соли ҷорӣ як ҳайат аз кормандони матбуот ва радиову телевизионҳои Ӯзбакистон вориди шаҳри Хуҷанд - маркази вилояти Суғд шуданд.

Ин ҳайат бо сафар ба ноҳияҳои Истаравшан, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент ва Шаҳристон дар шимоли Тоҷикистон, бо маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии вилояти Суғд ошно хоҳанд шуд.

Дар барномаи сафари ин ҳайати ӯзбакистонӣ, ошноӣ бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд низ гунҷонда шудааст.

Гуфта мешавад, сафар ба Душанбе низ дар барномаи рӯзноманигорони ӯзбакистонӣ гунҷонда шудааст.

Ҳамчунин боздиди ҳайати дигаре аз кормандони матбуот ва радиову телевизионҳои Ӯзбакистон аз вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон барномарезӣ шудааст, ки аз рӯзи 10 – уми августи соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Рӯзноманигорони ӯзбакистонӣ дар ин сафари дурӯза аз шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон, ноҳияҳои Данғара ва Муъминобод боздид хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки як ҳайати 55 нафарӣ аз вазирон, кормандони муассисоти илмӣ ва пажӯҳишӣ, донишгоҳиён, адибон ва ҳунармандони тоҷик тайи рӯзҳои аввал то чаҳоруми августи соли ҷорӣ бо сафар ба Ӯзбакистон, аз маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии ин кишвар боздид карданд.

Бо сафари ин ҳайат, заминаи имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба миёни ниҳодҳои мухталифи ин ду кишвари ҳамсоя фароҳам шуд.

Равобити илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки аз 26 соли қабл қатъ шуда буд, пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев беҳбуд ёфт.

Ин амр заминаи рафтуомади 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишварро фароҳам кард ва то кунун ҳазорон нафар аз ин имкон истифода кардаанд.