Август 08, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Пардохти кулли маблағи ҷарима аз сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон барои хуруҷ аз Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба иттиҳоми талош барои пардохти ришва ба полис, ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шуда буд, барои хуруҷи фаврӣ аз ин кишвар маблағи дастабандишударо як ҷо ворез кард.

Ба гузориши сомонаи “Мигрант нюз”, ин шаҳрванди 42 солаи Тоҷикистон, ки номаш зикр нашудааст, молики як мағозаи либосфурӯшӣ дар маркази вилояти Перми Русия буд ва кормандони полис вайро ба иттиҳоми арзаи ғайриқонунии маҳсулот бо номи ширкати дигаре мавриди бозҷӯӣ қарор дода буданд.

Аммо ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки либосҳои мағозааш бояд мусодира мешуд, ба кормандони полис пешниҳоди пардохти ришва медиҳад то либосҳои мусодирашударо пас диҳанд ва даст аз сари вай бардоранд.

Гуфта мешавад, кормандони полис бо радди ин пешниҳод ба иттиҳоми хилофқорӣ аз муқаррарот ва арзаи маҳсулот бо номи ширкати дигар, ба парвандаи ин шаҳрванди Тоҷикистон талош барои пардохти ришваро низ изофа кардаанд.

Бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Перм, вай дар баробари маҳкумият ба зиндони шартӣ ба муддати се сол, бояд ҷаримаи 600 ҳазор рубл (муодили 10 ҳазор доллар) - ро низ бобати хисороти молии фурӯши либос бо номи ширкати дигар, ба муддати 10 моҳ кам-кам (бахш-бахш) пардохт мекард.

Ин фурӯшандаи тоҷик дар поёни давраи маҳкумият бояд аз Русия ихроҷ мешуд, вале акнун пас аз чаҳор моҳ, вай бо ворез кардани тамоми ин маблағ барои хуруҷи ҳар чӣ зудтар аз Русия омода шудааст.