Чин ба воридкунандагони маҳсулоташ ба Тоҷикистон қарз медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37370-Чин_ба_воридкунандагони_маҳсулоташ_ба_Тоҷикистон_қарз_медиҳад
Бонки давлатии Рушди Чин ва “Амонатбонк” - и Тоҷикистон барои ҷудо кардани қарзи ин ниҳоди молии чинӣ ба воридкунандагони маҳсулот ба Тоҷикистон, созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2018 07:06 Asia/Dushanbe
  • Чин ба воридкунандагони маҳсулоташ ба Тоҷикистон қарз медиҳад

Бонки давлатии Рушди Чин ва “Амонатбонк” - и Тоҷикистон барои ҷудо кардани қарзи ин ниҳоди молии чинӣ ба воридкунандагони маҳсулот ба Тоҷикистон, созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, ин созишномаро Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” ва Ҳуҳуой Бин, мудири Бонки давлатии Рушди Чин дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Бо имзои ин созишнома, заминаи дарёфти қарз барои воридоти маҳсулоти сохти Чин ба Тоҷикистон аз сӯйи бозаргонони тоҷик фароҳам мешавад.

Ба гуфтаи раиси “Амонатбонк” - и Тоҷикистон, суди солонаи бозпардохти ин қарз 12 дарсад ва муддати он байни 3 то 5 сол аст.

Руҳуллоҳ Ҳакимзода таъкид кардааст, воридкунандагони маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон, бо тазмини катбии “Амонатбонк” дар қаламрави Чин маҳсулоти мавриди назари худро харидорӣ мекунанд, ки маблағи онро Бонки давлатии Рушди Чин пардохт хоҳад кард.

Ин афрод пас аз фурӯши маҳсулоти воридотии чинӣ маблағи қарзи дарёфтиро ба сомонӣ ба “Амонатбонк” - и Тоҷикистон пардохт мекунанд, ки ин ниҳоди молӣ масъулияти табдили ин пул ба юан ва ирсоли он ба Бонки давлатии Рушди Чинро бар ӯҳда дорад.

Ҳамчунин ба касоне, ки қарзи худро дар 3 то 5 сол бозпардохт кунанд, дар ду соли нахуст имтиёз дода мешавад ва дар ин муддат бояд танҳо суди солонаро бозпардохт кунанд. Аз ин рӯ, бозпардохти маблағи қарзи аслӣ танҳо пас аз ду сол оғоз мешавад.

Яке аз аҳдофи ин иқдом, хориҷ кардани доллар аз муомилоти байнибонкии Тоҷикистон ва Чин ва роҳандозии тиҷорат ба сомонӣ ва юан номида шудааст.