Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сифати истеҳсолоти либоси мактабӣ дар пойтахт
(last modified Wed, 15 Aug 2018 07:49:19 GMT )
Август 15, 2018 12:49 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сифати истеҳсолоти либоси мактабӣ дар пойтахт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сифати либоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахти ин кишвар тарроҳӣ ва тавлид мешаванд, интиқод кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 август дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби рақами 31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз сифати либоси мактабӣ интиқод кард.

Ба гуфтаи Раҳмон дар нимсоли аввали 2018 дар шаҳри Душанбе 75 ҳазор дона сарулибоси мактабӣ ба маблағи 3.4 миллион сомонӣ тавлид шудааст; дар ҳоле ки ин  андоза нисбат ба талабот, ки 110 ҳазор донаро ташкил медиҳад, кам будааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, волидайн  аз сифат, тарҳ ва духти либосҳои мактабӣ ризоят надоранд ва ба ҳамин далел қисми зиёде аз ин сарулибосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мақомоти шаҳри Душанберо вазифадор кардааст масъалаи духти сарулибоси бо сифат ва  тарҳи замонавиро ҷиддӣ бигиранд ва барои он иқдом кунанд.

Ҳамчунин вай таъкид кардааст, мақомоти шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсилӣ барои  барпо намудани ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ тадбирҳои лозимро бияндешанд.