Будубоши беш аз 11 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон дар Русия
Вазорати кишвари Русия эълом кард, беш аз 11 дарсад аз ҷамъияти 9 миллион нафарии Тоҷикистон дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд.
Ба нақл аз РИА Новости, Александр Пережогин, корманди аршади идораи умури муҳоҷират дар Вазорати кишвари Русия гуфтааст, дар радабандии кишварҳо бо бештарин теъдоди муҳоҷир дар Русия, дар радифи аввал ва дувум атбои Украина ва Узбакистон қарор доранд ва тоҷикҳо ҷойгоҳи севумро ба худ ихтисос додаанд.
Дар шаш моҳи нахусти имсол ҳашт миллиону 216 ҳазору 12 нафар аз атбои хориҷӣ дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир сабти ном шудаанд, ки як миллиону 131 ҳазору 392 нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Аз нигоҳи теъдоди муҳоҷири сабтином шуда дар Русия, дар ин муддат Узбакистон бо ду миллиону 247 ҳазору 519 нафар, дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифтааст.
Таи шаш моҳи аввали имсол, 16 ҳазору 324 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тобеияти Русияро дарёфт кардаанд ва аз ин назар низ Тоҷикистонро пас аз Украина ва Қазоқистон дар радифи севум қарор додаанд.
Соли 2017 беш аз 29 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромада буданд.