Август 16, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
  • Эъломи барномаи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон  

Раисҷумҳури Тоҷикистон 17-18 августи соли ҷорӣ ба Узбакистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Ба нақл аз Ахбор, Комил Алламжонов, сухангӯи раисиҷумҳури Узбакистон  дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук барномаи расмии сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвари ҳамсояро нашр кард. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Узбакистон, ки сафари ҷавобӣ ба боздиди ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон аст, 17-18 август доир мешавад.

Акнун ҳама дидаҳо ба сафари ҷавобии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чӣ натиҷаҳо ба бор меорад. Қаблан гузориш шуда буд, ки қарор аст, дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Узбакистон  23 созишномаи нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи байни ин ду кишвар ба имзо бирасад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии ӯ ба Узбакистон  дар 20 соли охир аст. Ӯ бори охир бо сафари давлатӣ ҳанӯз моҳи марти соли 1998 аз Узбакистон  боздид карда буд.

Бино ба навиштаи сухангӯи президенти Узбакистон  Комил Алламжонов, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 17 август ба Тошканд омада, баъди маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Мустақиллик дар қароргоҳи Кӯксарой музокироти роҳбарони ду давлат доир мешавад. Музокирот аввал дар ҳайъатҳои маҳдуд ва сипас бо ширкати ҳайъатҳои густарда сурат гирифта, сипас маросими имзои созишномаҳои нав баргузор мешавад.

18 август Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Қонунчии парлумони Узбакистон  Нуриддин Исмоилов ва бо сарвазир Абдулло Орипов мулоқотҳои ҷудогона анҷом дода, ҳамчунин ба шаҳри Самарқанд сафар карда, аз маконҳои дидании он шаҳр боздид мекунад.