Пас аз 17 сол: Дидори таърихии сарони Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки пас аз 17 сол рӯзи ҷумъа (17.08.2018) дар қолаби як сафари расмӣ вориди Узбакистон шуд, музокира бо ҳамтои узбакистонии худро дар маҳалли бустонсарои Куксаройи Узбакистон баргузор кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев дар оғози суханони худ дар ин дидор, зимни хушомадгӯӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба афзоиши сатҳи эътимоди сиёсӣ миёни ду кишвар ишора кард, ки мӯҷиб шуд, масоили ҳалнашуда дар солҳои тӯлонӣ миёни ду кишвар роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
Вай хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Мо ба сафари Шумо ҳамчун як рӯйдоди муҳимми сиёсӣ дар таърихи навини равобити ду кишвар нигоҳ мекунем.”
Мирзиёев афзуд, боздиди шумо аз Узбакистон баёнгари қасди қотеъи мутақобили ду тараф барои густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд бар асоси усули дӯстӣ, ҳусни ҳамҷворӣ ва бо дарназар гирифтани манофеи якдигар мебошад.
Вай тасреҳ кард, имрӯз фурсатҳои хубе барои таҳаққуқи комили зарфияти тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот ва фаъолсозии иртибототи фарҳангӣ ва инсонӣ миёни ду кишвар фароҳам шудааст.
Мирзиёев идома дод, мо хоҳони ин ҳастем, ки сафари шумо воқеан як сафари таърихӣ бошад ва тавофуқоте, ки имрӯз ба имзо мерасанд барои солҳои тӯлонӣ ба мардуми ҳар ду кишвар, хидмат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон низ бо қадрдонӣ аз ҳамтои узбаки худ барои даъвати боздид аз Узбакистон ва истиқболи самимона аз ӯ, гуфт, ин мулоқот фурсати хубе барои баррасии вазъияти феълӣ ва дӯрнамои равобит миёни ду кишвар мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ба лутфи сиёсати муассири хориҷии шумо иқтидори Узбакистон дар арсаи байналмилалӣ дар ҳоли афзоиши бештар аст.
Вай бо баёни ин ки Душанбе, низ бо бо тағйироти бузурге рӯ ба рӯ аст, гуфт фикр мекунам ин сафар барои мардуми ҳар ду кишвар бисёр муҳим аст.
Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон баъд аз 17 сол ба Узбакистон аст.
Интизор меравад, тайи ин сафар миёни ду кишвар беш аз 20 тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо бирасад.