Август 17, 2018 17:59 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ва Тоҷикистон шарики роҳбурдӣ шуданд

   Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар поёни музокирот исатҳ олии ду тараф, бастае аз санадҳо, аз ҷумла Аҳдномаи роҳбурдӣ миёни ду кишварро имзо карданд, ки ҳадаф аз он, эҷоди равобити баландмуддат, мушорикати пойдор ва таъйини масири роҳбурдии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон аст.

      Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин баёнияи муштараки сарони ду кишварро тасвиб карданд.

    Илова бар ин миёни ду тараф дар поёни музокироти имрӯз, 27 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаи санъат, стандартсозӣ ва судури муҷаввиз, омаду рафти марзӣ, пазириши асноди марбут ба омӯзиш, заминшиносӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва ғайра имзо карданд.

    Ҳаҷми куллӣ маблағи тавофуқоти ба имзо расидаи сарони ду кишвар дар поёни музокироти нахустин рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, 800 миллион доллар эълом шудааст.

    Аз ҷумла ду тараф тавофуқоте дар заминаи ҳамкориҳои, иқтисодӣ, илмӣ, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, тиҷорат, илм, техника, ҳамкорӣ миёни Сурхондарё ва Хатлон, Самарқанд ва Суғд имзо карданд.

    Сарони ду кишвар имрӯз дар нишасти матбуотӣ низ аз музокироти анҷомшуда ва имзои тавофуқот миёни ду кишвар, ибрози ризоят карданд ва Аҳдномаи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишварро муҳиммтарин санади ба имзо расида донистанд.

    Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз баъд аз 17 сол бо даъвати ҳамтои узбаки худ дар қолаби як сафари расмии ду рӯза вориди Тошканд, пойтахти Узбакистон шуд.