Август 18, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Танҳо роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон сохти корхонаҳои саноатии нав

Иқтисодшиноси тоҷик муътақид аст, танҳо роҳи рушди иқтисоди ин кишвар дар оянда, сохти корхонаҳои саноатии ҷадид ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир аст.

Ба гузориши “ТОП ТҶ”, Нуриддин Қайюмов гуфт, бидуни сохти корхонаҳои саноатии нав, ҳатто дар сурати густариши равобити тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, таъмини рушди иқтисодии ин ҷумҳурӣ ғайримумкин аст.

Вай таъкид кардааст, ки ҳамасола Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиард доллар муомилоти тиҷории хориҷӣ дорад , ки 2 миллиарди он воридот ва 1 миллиард доллар низ содирот аст.

Ба гуфтаи Қайюмов, ҳоло дар шароите, ки тарози бозаргонии Тоҷикистон ба нафъи воридот мебошад, идомаи ин раванд наметавонад рушди иқтисоди ин кишварро таъмин кунад. Зеро манфӣ будани тарози тиҷорати бозаргонии Тоҷикистон ба нафъи воридот боиси афзоиши қарзи хориҷии ин кишвар, боло бурдани сақфи қарзи хориҷӣ ва варшикастагии бахши хусусӣ хоҳад шуд.

Ин иқтисодшинос афзуд: “Ба ҳамин далел аст, ки мо ҳар сол шоҳиди афзоиши воридот, коҳиши содирот ва афзоиши тарози манфии муомилоти тиҷорӣ ба нафъи воридот ҳастем ва ин барои ояндаи иқтисоди Тоҷикистон хатарсоз аст. Аз ин рӯ, бидуни рушди содирот аз ҳисоби сохти корхонаҳои саноатии ҷадид ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ислоҳи тавозуни тиҷорати хориҷӣ ба нафъи содирот, таъмини рушди иқтисодии Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, дар шаш моҳи нахусти имсол мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон бо афзоиши 14 миллиондолларӣ ба ду миллиарду 893 миллион доллар расид.

Авоили имсол Вазорати молияи Тоҷикистон ин шохисро ду миллиарду 879 миллион доллар эълом карда буд, ки баробар бо 40.3 даҳуми дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2017 будааст. Аз ин мизон қарз як миллиарду 200 миллион доллар мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти кишвари Чин будааст.