Август 27, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Тадобири шадиди амниятӣ дар ҷануби Тоҷикистон

Дар пайи ҳамлаи мусалаҳона дар рӯзи якшанбе аз марзҳои Афғонистон ба ноҳияи Фархор вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар он ду нафар кушта шуданд тадобири шадиди амниятӣ дар минтақа ба иҷро даромадааст.

Ба гузориши ИРНА, баъд аз зӯҳри рӯзи 26 август се шаҳрванди Тоҷикистон ба номҳои Саидов Амирхон, Сангаков Давлат ва Раҳмонов Сафархон дар ҳоли ҳаракат бо худрави “Нива”дар имтидоди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буданд, ки ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд.

Дар ин ҳамла Саидов ва Сангаков дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд ва Раҳмонов ба шиддат маҷрӯҳ шуд.

Мақомот гуфтаанд, ҳамлаи ёдшуда дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон сурат гирифтааст.

Ин минтақа ҳаммарз бо шаҳристони Дарқади вилояти Тахори Афғонистон  аст, ки гурӯҳи Толибон дар он тасаллут доранд.

Гуфта мешавад, Саидмумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шахсан барои баррасии ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба ноҳияи Фархор рафтааст ва ин шаҳристон пур аз нирӯҳои амниятӣ ва интизомӣ аст.

Марзи ҳазору 400 километрии Тоҷикистон бо Афғонистон ба далели ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ ва қочоқи мавод мухаддир, ҳамвора шикананда будааст.