Август 28, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • Толибон даргирӣ бо низомиёни тоҷик дар марзи Афғонистонро такзиб кард

Сухангӯи гурӯҳи Толибон даргирии байни аъзои ин гурӯҳ бо низомиёни Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи душанбе бо радди гузориши мақомоти афғон ва бархе расонаҳо аз кушта шудани аъзои ин гурӯҳ дар даргирӣ бо низомиёни Тоҷикистон дар марзи Афғонистон гуфт, аъзои Толибон иҷозаи даргирӣ бо кишварҳои ҳамсояро надоранд. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид афзуд, даргирии байни қочоқчиёни маводи мухаддир ва нерӯҳои марзии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст ва дар ин даргирии қочоқчиён дар як минтақаи ҷангалӣ ҳадаф қарор гирифтанд.

Пештар Халил Асир, сухангӯи пулиси маҳаллии вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон аз бомбборони минтақаи марзии ин кишвар бо Тоҷикистон аз тарафи як ҷангандаи Тоҷикистон ё Русия хабар дода буд. Ӯ афзуд, ин бомбборон пас аз он оғоз шуд, ки ду нерӯи марзбонии тоҷик дар даргирӣ бо аъзои гурӯҳи Толибон кушта шуданд. Дар ин даргирӣ ҳашт узви Толибон кушта ва шаш нафари дигар аз онҳо низ захмӣ шуд.