Таъсиси як ниҳоди нави амниятӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37703-Таъсиси_як_ниҳоди_нави_амниятӣ_дар_Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун "Дар бораи амният" ниҳоди нави амниятиро таъсис дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 29, 2018 13:48 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси як ниҳоди нави амниятӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун "Дар бораи амният" ниҳоди нави амниятиро таъсис дод.

Ба нақл аз Форс, тибқи тағйироти тасвибшуда дар Тоҷикистон дар сохтори дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур котиботи Шӯрои амният таъсис меёбад.

Котибот ба таъмини фаъолияти Шӯрои амнияти Тоҷикистон машғул шуда, дар тобеияти дастгоҳи раисиҷумҳур мебошад.

Муқаррарот дар бораи котиботи Шӯрои амният бевосита аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пешниҳоди дастгоҳи иҷроия ба тасвиб расонда мешавад.

Тағйироти мазкур дар ҳоле сурат мегиранд, ки масоили амниятӣ дар Тоҷикистон ба мавзӯи ҳассос табдил ёфта, дар авлавияти сиёсати ҳукумат қарор доранд.