Сентябр 01, 2018 14:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо пизишкони ояндаи Тоҷикистон

Имрӯз якуми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз "Рӯзи дониш" ва оғоз соли нави таҳсил ширкат кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт дар таҷлили "Рӯзи дониш" ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон назди устодон ва донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ суханронӣ кард ва аз мушкилот ва пешрафтҳои соҳаи тиб дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон гуфт.

Дар ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон як ҷамъбаст аз пешрафтҳои ин донишгоҳ кард ва сипас дар бораи ҳалли баъзе масъалаҳои муҳими ҷомеъа суҳбат ва масъулини дахлдорро муваззаф ба ҳалли ҳарчи зудтари ин мушкилот кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз вазъи ногувории мубталоён ба наъшамандӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ кард.

Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 фаолияти худро оғоз карда ва соли 1992 баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон бо қарори ҳукумат ба донишгоҳ табдил шудааст.