Сентябр 04, 2018 08:49 Asia/Dushanbe
  • Интишори дастуруламали либоси миллии бонувон дар Тоҷикистон

Мақомоти Кумитаи давлатии умури занон ва хонавода ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба интишор ва таблиғи дастуруламали он чӣ "либоси миллии бонувон" номидаанд, иқдом кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар фасли 11-и ин китоб бо сароҳат таъкид шудааст, ки пӯшидани либос ва доштани рӯсарии сиёҳ, ҳиҷоб ва сатр тавсия намешавад ва бонувони тоҷик бояд либоси миллии тоҷикиро бар тан кунанд, ки дар даврони ҳукумати шӯравӣ марсум буд.

Дар соли 2017 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом карда буд, тарҳи либоси миллии бонувонро омода кардааст, ки ба ҷойи либосҳои бегона "тавсия" мешавад. Аммо дар остонаи соли таҳсилии ҷадид ба тамоми омӯзгорони зан дар Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бояд бо блуз ва домани кӯтоҳи то зону дар дарсҳо ҳозир шаванд ва дар сурати мухолифат ихроҷ мегарданд. Ҳарчанд дастуруламали либоси миллии бонувон дар Тоҷикистон санади тавсияӣ унвон мешавад, баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар мадориси ин кишвар ва идораҳо пӯшидани либоси ба иддаои мақомот миллӣ илзомӣ шудааст.

Чанд моҳ қабл Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон гуфта буд, танҳо тайи 10 рӯзи фаъолияти коргурӯҳҳои вижаи таблиғи фарҳанги миллии бонувони тоҷик дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо беш аз ҳашт ҳазор бонуи боҳиҷоб гуфтугӯ карда ва аз онон хостаанд, ки аз либоси ба гуфтаи онон, “бегона” даст бикашанд.

Коршиносон муътақиданд, мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон либосҳои даврони шӯравиро ба унвони либоси миллии тоҷикҳо матраҳ мекунанд ва ин либосҳо бо чорчӯби пӯшиши занони мусалмон мухолифат дорад.