Сентябр 08, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи истиқлолият табрик гуфт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизионӣ рузи истиқлолияти Тоҷикистонро ба ҳамаи мардуми кишвараш тарик намуда сулҳу пешрафт орзӯ кард.

Дар ин паём омадааст, Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома тесреҳ кард, Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Дар поёни паём бори дигар ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.