Сентябр 10, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон дар Полша

Чаҳор созмон ва ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо баргузории маросиме дар пойтахти Полша, таъсиси эътилофи Паймони миллиро эълом карданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, намояндагони Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, шомили ин эътилофи Паймони миллӣ шудаанд.

Баёнияи таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистонро Алим Ширзамонов, дабири Анҷумани озодандешон, Шарофиддин Гадоев, намояндаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Илҳомҷон Яъқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ имзо кардаанд.

Дар бораи барномаҳои ин эътилоф ҳанӯз матлабе мунташир нашудааст, аммо эълом шуда, ки масъулони ин чаҳор созмон ва ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ Аврупо рӯзҳои 11 то 21 сентябр дар Варшаваи Полша баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Тоҷикистон низ ҳайатеро барои ширкат дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Варшава эъзом кардааст, ки ду узви аршади собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ низ шомили ин ҳайат шудаанд.