Сентябр 10, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Кабирӣ ба раҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон интихоб шуд

Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон эътилофи муташаккил аз чаҳор созмон ва ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумати ин кишвар дар хориҷ, аз интихоби Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба унвони раҳбари ин паймон, хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, намояндагони Анҷумани озодандешон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ҳизби  дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо раҳбарии Кабирӣ, бар ин эътилофи ҷадид мувофиқат карданд.

Ҳар чанд, ки намояндагони дигар гурӯҳҳо низ барои симмати раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон низ номзад пешниҳод карда буданд, аммо ин афрод ба нафъи Кабирӣ инсироф доданд.

Як рӯз қабл баёнияи таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистонро Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешон, Шарофиддин Гадоев, намояндаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Илҳомҷон Яъқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша имзо карданд.

Паймони миллии Тоҷикистон аҳдофи хешро эҷоди низоми мубтанӣ бар демократия, мурооти ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои мусовии шаҳрвандон, фароҳам сохтани заминаи баргузории интихоботи озод ва анҷоми ислоҳоти бунёдин дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Гуфта мешавад, ки масъулони ин чаҳор созмон ва ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки рӯзҳои 11 то 21 сентябр дар Варшаваи Полша баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Тоҷикистон низ ҳайатеро барои ширкат дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Варшава эъзом кардааст, ки ду узви аршади собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ низ шомили ин ҳайат шудаанд.