Сентябр 11, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Суханронии 4 узви Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава

4 узви Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА суханронӣ карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тасмими мақомоти Тоҷикистон мабнӣ бар ширкат кардан дар ҷаласаҳои САҲА оид ба андозагирии инсон баъди танаффуси дусола изҳори хушнудӣ кард. Вале Кабирӣ хотиррасон кард, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл ҳайати Тоҷикистон даъво мекард, дар ҳеҷ нишасте, ки дар он ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъгашта дар Тоҷикистон ҳузур пайдо кунад, ширкат нахоҳад кард.

Ба нақл аз Tajinfo.org, Кабирӣ гуфт: “Мо афсӯс мехӯрем, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷои он ки бигӯяд чӣ иқдомҳое барои беҳбуди вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон пеш гирифтааст, бори дигар аз ин имкон барои сиёҳ кардани мухолифони худ ва ба дӯши онҳо гузоштани ҳар он чӣ дар кишвар мегузарад, истифода кард”.

Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангкунанди Ҷумбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон гуфт: Кишварҳои ғарбӣ бояд дар бораи маблағгузории институтҳои демократӣ бияндешанд.

Гадоев гуфт, кишварҳои ғарбӣ, ки кафили демокросӣ ҳастанд, барои рушди ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфте ҷудо мекунанд. Вале мақомоти Тоҷикистон аз ин пулҳо барои мубориза бо мухолифин ва нобудии онҳо дар дохилу хориҷ истифода мебаранд.

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳомҷон Ёқубов гуфт: ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо лозим аст нисбати мансабдорони Тоҷикистон рӯйхате мисли “рӯйхати Магнитский” тартиб диҳанд”.

Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешони Тоҷикистон гуфт, агар Иттиҳоди Аврупо рӯйхате мисли рӯйхати Магнитский алайҳи мансабдорони Тоҷикистон тартиб надиҳад, интизории инро доштан, ки дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар хоҳад шуд, маъние надорад.