Сентябр 15, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  •  Панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима барои таъом додан дар маросими азо

Додгоҳи ноҳияи Файзобод, дар 50 километрии шарқи Душанбе як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ва додани ғизо дар чиҳилумин рӯзи даргузашти падараш, ба пардохти панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Файзуллоҳ Мирзозода, раиси додгоҳи ноҳияи Файзобод гуфтааст, Наврӯзбек Давлатов бо ин иқдом Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистонро нақз кардааст.

Зеро бар асоси ин қонун, додани ғизо дар маросими тарҳим мамнуъ аст ва Наврӯзбек Давлатов, ки худ дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунад, муттаҳам ба нақзи ин қонун аст ва бояд ҷарима пардохт кунад.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2017 эълом кард, иҷрои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими ин кишвар дар 10 соли гузашта ду миллиард доллар сарфаҷӯӣ дар пай доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидори фаъолони бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар дар шаҳри Душанбе ба муносибати даҳумин солгарди тасвиби Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим гуфта буд, бо иҷрои ин қонун ва кам шудани бисёре аз ҳазинаҳо аз 10 соли пеш то кунун, фақр дар ин кишвар бо 23 дарсад коҳиш аз 53 ба 30 дарсад расидааст.