Сентябр 25, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
  • Интисобҳои ҷадид дар Шӯрои паймони миллии Тоҷикистон

Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 24 сентябр дар ҷаласаи дуюми худ сохтори иҷроияи ин эътилофи нави оппозитсияи тоҷикро тасдиқ кард.

Ба нақл аз Фарғона, Алим Шерзамонов муовини раис, Равшан Темуриён роҳбари ҳайъати машваратӣ, Темур Варқӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Мавҷуда Соҳибназарова, Илҳомҷон Ёқубзода, Шарофиддин Гадоев, Ҷамшед Ёров роҳбарони департаментҳои мухталиф таъйин шуданд.

Департаменти иттилоот ва расонаҳои Паймони миллии Тоҷикистон хабар дод, ки Шӯрои ин эътилофи нави мухолифин рӯзи 24 сентябр дар ҷаласаи дуюми худ тарҳи сохтори иҷроияи эътилофро баррасӣ карда, аъзои сохтори иҷроияро тасдиқ кардааст.

Бино ба ин манбаъ, ба ҳайъати сохтори иҷроияи Паймони миллӣ инҳо таъйин шудаанд:

1) Алим Шерзамонов (роҳбари иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — муовини Раиси ПМТ;

2) Равшан Темуриён (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — роҳбари ҳайати машваратии назди Раиси ПМТ;

3) Темур Варқӣ (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — директори департаменти иттилоот ва расонаҳо;

4) Маҳмудҷон Файзраҳмонов (узви Раёсати Олии ҲНИТ) — директори департаменти байналмиллалӣ;

5) Мавҷуда Соҳибназарова (узви Раёсати Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон) — директори департаменти иҷтимоиёт ва фарҳанг;

6) Илҳомҷон Ёқубов (Раиси Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо) — директори департаменти муҳоҷират;

7) Шарофиддин Гадоев (ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон) — директори департаменти иқтисод;

8) Ҷамшед Ёров (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — директори департаменти ҳуқуқ.

Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Варшава аз ҷониби 4 ташаккули мухолифини ҳукумати кунунии Тоҷикистон – ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо – таъсис ёфт.