Сентябр 26, 2018 11:20 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар сохти роҳи оҳани минтақаӣ аз сӯйи Тоҷикистон ба далоили амниятӣ

Коршиноси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия муътақид аст, Тоҷикистон ба далоили амниятӣ кори сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистонро ба таъхир андохт.

Ба гузориши сайти “Спутник”, Дмитрий Попов бо ишора ба эътирози Вазорати хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон дар баҳси тарҳи роҳи оҳани минтақаӣ миёни ин ду кишвар бо Афғонистон гуфтааст, набуди амният дар Афғонистон омили аслии ба таъхир андохтани ин проект аст.

Зеро Бонки Рушди Осиё, ки қаблан барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ва Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, ба далели идомаи ноамнӣ дар Афғонистон, ҳамкории худро ба таври муваққат ба таъхир даровардааст.

Аз ин рӯ, эътирози Вазорати хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон дар хусуси беаҳамият донистани идомаи сохти ин роҳ аз сӯйи Душанбе чандон мантиқӣ нест.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати хориҷаи Туркманистон ба мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо нашрияи русии “Коммерсант” дар мавриди муҳим набудани сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон- Афғонистон ва Тоҷикистон эътироз карда ва вай низ посухи ин эътирозро дода буд.

Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Тошканд дар посух ба эътирози Вазорати хориҷаи Туркманистон гуфтааст, ҳадафи ман танҳо ёдоварии рушди ҳамкориҳои рейлӣ миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон буд ва ба баҳси идомаи сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон- Афғонистон ва Тоҷикистон иртиботе надорад.