Сентябр 27, 2018 21:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон дидор кард.

Ба гузориши Ховар, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, ки барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд ба Душанбе омадаанд, дидору гуфтугӯ кард.

Эмомалӣ Раҳмон зуҳри имрӯз бо Шавкат Мирзиёев, Игор Додон, раисони ҷумҳури Узбакистон ва Молдова дидору гуфтугӯ карда буд.

Дар гуфт‌угӯҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Молдова мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон бо ин кишварҳо, тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо терроризм, ҷиноёти созмонёфта ва қочоқи маводи мухддир, таъсири идомаи бесутботӣ дар Афғонистон ба авзои амниятии минтақа баҳсу табодули назар шуд.

Имрӯз Александр Лукашенко, раисиҷмуҳури Беларус барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд, вориди шаҳри Душанбе шуд ва дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон мавриди истиқболи Қоҳир Расулзода, нахуствазири ин кишвар ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор гирифт.

Ин иҷлос имрӯз ва фардо дар шаҳри Душанбе доир мешавад.