Октябр 02, 2018 14:55 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон муқаддамоти ҷонишинии фарзандро фароҳам мекунад?

Хабаргузории “Евразия” навишт, бо таваҷҷуҳ ба пуррангтар шудани ҳузури фарзанди раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо сарони кишварҳо, бархе эҳтимоли канорагирии Эмомалӣ Раҳмон ва ҷойгузин намудани фарзандро пешбинӣ мекунанд.

Ин хабаргузорӣ афзудааст, Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳаракати намодин дар чанд моҳи ахир, писари бузурги хеш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори кунунии Душанберо дар дидор бо мақомоти байналмилалӣ ба ҳамроҳ дорад, ба тавре, ки ҳафтаи гузашта Рустам ба ҳамроҳи падар бо раисони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидор ва гуфтугӯ кард.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, тамоми маросимҳои хушомадгӯӣ аз сарони кишварҳоро бояд нахуствазир анҷом диҳад, аммо писари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтаи гузашта ин масъулиятро бар ӯҳда доштааст.

Тибқи тасовири мунташиршуда, Рустами Раҳмони 30 сола дар Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, Назарбоев, раисвумҳури Қазоқистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ва дигар раҳбарони кишварҳои ИДМ дидор ва гуфтугӯ кард.

Бар ҳамин асос бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ бар ин боваранд, ки раисҷумҳури 66 солаи Тоҷикистон дар садади фароҳам намудани муқаддамоти ҷонишинии писар ва ошно намудани ҳамтоёни байналмилалӣ бо Рустами Эмомалӣ аст.

Бархе овозаҳо дар бораи вазъияти саломати ҷисмонии Эмомалӣ Раҳмон яке аз далоили канорагирии вай аз симати раёсатҷумҳурӣ ба нафъи писар матраҳ аст.

Сомонаи “Ахбор” низ чанде қабл дар гузорише баргузории зудҳангоми интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябри соли 2019, ҳамзамон бо ифтитоҳи нерӯгоҳи обии “Роғун” - ро пешбинӣ кард.

Ба навиштаи “Ахбор”, интихоботи раёсати ҷумҳурии баъдӣ дар соли 2020 бо интихоботи парлумонӣ ҳамзамон хоҳад шуд ва ба эҳтимоли зиёд давлат барои баргузор нашудани ду интихобот дар як сол, интихоботи раёсати ҷумҳуриро моҳи ноябри соли оянда баргузор мекунад.