Кӯмаки шаҳрванди саховатманд ба мумфарш шудани роҳи маҳаллааш
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38526-Кӯмаки_шаҳрванди_саховатманд_ба_мумфарш_шудани_роҳи_маҳаллааш
Дар ноҳияи Ашт як шаҳрванди саховатманд барои мумфарш кардани роҳи маҳаллааш беш аз 60 ҳазор сомонӣ масраф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 04, 2018 13:22 Asia/Dushanbe
  •  Кӯмаки шаҳрванди саховатманд ба мумфарш шудани роҳи маҳаллааш

Дар ноҳияи Ашт як шаҳрванди саховатманд барои мумфарш кардани роҳи маҳаллааш беш аз 60 ҳазор сомонӣ масраф кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Аҳмадҷон Алиматов, яке аз соҳибкорони аҳли маҳаллаи Бинокорони шаҳраки Шайдон барои мумфарш кардани роҳи ин маҳалла беш аз 60 ҳазор сомонӣ ҳазина кард.

Бар асоси ин гузориш, мумфарш кардани ин роҳ мутобиқи стандарти давлатӣ анҷом шудааст.

Раиси вилояти Суғд аз ин иқдоми сокинони маҳалла ва соҳибкор изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки аз ҳисоби буҷаи мақомоти Суғд, боқимондаи роҳ, ки тақрибан як километр аст, мумфарш хоҳад шуд.