Октябр 14, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Интисоби як зан ба унвони сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Афғонистон хонум Шоҳгул Ризоӣ намояндаи мардуми вилояти Ғазнӣ дар маҷлиси намояндагони ин кишварро ба унвони сафири ҷадиди Афғонистон дар Тоҷикистон мансуб кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, хонум Ризоии 39-сола ҷонибдори ҷунбиши “Рӯшноӣ”-и ақвоми ҳазораи Афғонистон аст, ки дар интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз номзадии Ашраф Ғанӣ ҳимоят карда буд ва баъдан ба яке аз мунтақидони давлати феълии Кобул табдил шуд.

Вай нахустин зан дар Афғонистон аст, ки пас аз барқарории равобити сиёсии ин кишвар бо Тоҷикистон ба унвони сафир дар Душанбе интисоб шуд.

Шоҳгул Ризоӣ донишомӯхтаи риштаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул аст, ки дар симатҳои муаллим ва мудири мадрасаи духтарона дар вилояти Ғазнӣ фаъолият кардааст.

Коршиносон интисоби Шоҳгул Ризоӣ дар симати сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро имтиёзи Ашраф Ғанӣ ва Сарвар Дониш муовини вай ба ҷунбиши ақвоми ҳазораи ин кишвар унвон мекунанд, ки ҳадафи рӯйи кор овардани чеҳраҳои ҷавонтари қавми ҳазора ва ба инзиво кашондани афроде назири Муҳаммади Муҳаққиқ муовини раиси давлати иҷроия аст, ки аз фармондеҳони гурӯҳҳои шибҳинизомӣ низ ба ҳисоб меоянд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси давлати иҷроияи Афғонистон ахиран дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфта буд, далели тӯлонӣ шудани раванди интисоби сафири ҷадиди кишвараш дар Тоҷикистон аз ихтиёроти вазорати умури хорҷа аст, ки бояд мароҳили идории худро тай кунад.