Октябр 14, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон бо кумаки молии Чин

Сохти биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо кумаки молии бебозгашти 220-миллиондолларии Чин бо ҳузури мақомоти ду кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурӣ, Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода нахуствазир, Озода Раҳмон раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва Ли Кетсян нахуствазири Чин ширкат карданд.

Бинои ҷадиди Парлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мурббаъ бо баландии 49 метр дорои толори маҷлис барои 1 ҳазору 500 нафар, маркази фанноварӣ, китобхона, маҳали баргузории нишастҳои хабарӣ ва маракзи хадамотӣ сохта хоҳад шуд.

Бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон дар миёни хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ дар 15 табақа ва масоҳат беш аз 10 гектар ва баландии наздик ба 92 метр бо 3 толори ҷаласот, утоқи пазириши шаҳрвандон, маркази интишорот ва таъсисоти хадамотӣ сохта хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири Чин сохти ин ду бинои ҷадид барои фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Тоҷикистон бо кумаки молии бебозгашт аз Пекинро нишонаи дӯстии мардумон ин ду кишур унвон карданд.