Октябр 15, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз фирори молиётии бахши хусусии Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши фирори молиётӣ дар ин кишвар бавижа миёни фаъолони бахши хусусӣ, интиқод кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе дар ҳамоиши «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» дар пойтахти Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди эътои тасҳилот ва беҳбуди шароити кор, теъдоди зиёде аз соҳибкорони бахши хусусӣ ҳанӯз ҳам аз пардохти молиёт фирор мекунанд.

Вай афзуд, аз аввали соли 2017 то моҳи октябри имсол, фирори молиётӣ ба маблағи 131 миллиону 600 ҳазор доллар ошкор шуда, ки аз ин маблағ беш аз 95 миллион доллар ба буҷа пардохт гардидааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар барои эҷоди фазои матлуб дар фаъолияти бахши хусусӣ дар солҳои 2018 ва 2019, коҳиши таҳқиқ аз фаъолияти ин бахшро иҷроӣ кардааст.

Дар чорчӯби барномаи тақвияти бахши хусусии Тоҷикистон, имсол теъдоди идороте, ки ба таҳқиқу тафтиш аз фаъолияти ин бахш мепардозанд аз 31 ба 25 созмон коҳиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои коҳиши мавориди фирор молиётӣ дар ин кишвар бояд аз таҷрибаҳои байналмилалӣ истифода шавад ва дониши иқтисодӣ ва молии фаъолони бахши хусусӣ афзоиш ёбад.