100 ҳазор сомонӣ ҷарима барои кандани як шохаи гул
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38769-100_ҳазор_сомонӣ_ҷарима_барои_кандани_як_шохаи_гул
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду донишҷӯро ба иттиҳоми кандани як шохаи гул дар боғи Парчами Миллӣ ба пардохти 100 ҳазор сомонӣ (муодили 10 ҳазор доллар) ҷарима маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 16, 2018 06:40 Asia/Dushanbe
  • 100 ҳазор сомонӣ ҷарима барои кандани як шохаи гул

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду донишҷӯро ба иттиҳоми кандани як шохаи гул дар боғи Парчами Миллӣ ба пардохти 100 ҳазор сомонӣ (муодили 10 ҳазор доллар) ҷарима маҳкум кард.

Хонум Гули Зард, намояндаи қонунии донишҷӯёни маҳкумшудаи бародарон Раҷаббек ва Набиҷон Худойбердиев дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ин ду бародар замоне, ки барои дидани намоишгоҳи фарҳанги Арабистон ба боғи Парчами Миллӣ рафта буданд, як шоха гули аз қабл кандашударо аз рӯй замин бардоштаанд, ки нигаҳбони ин боғ расида ва муддаӣ шудааст, онон ин шохаи гулро шикастаанд.

Намояндаи қонунии ин ду бародар дар шикоят ва эътирози хеш ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе навиштааст, ки С. Муродов, нигаҳбони ин боғ бо тӯҳмат задан ба муваккилонаш, ононро мавриди латукӯб қарор додааст.

Нигаҳбони боғ дар идома, заминаи ба додгоҳ кашонда шудани ин моҷароро низ фароҳам сохта, ки боиси судури чунин ҳукми сангин алайҳи бародарон Худойбердиев шудааст.

Хонум Гули Зард, вакил мудофеи донишҷӯёни маҳкумшуда таъкид кардааст, ки ҳукми пардохти ҷаримаи молии 100 ҳазор сомонӣ барои кандани як шохаи гул ғайримунсифона аст ва додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Душанбе бояд дар мавриди тағйири ин ҳукм иқдом кунад.

Вай хостори бозбинии наворҳои дурбинҳои насбшуда дар ин боғ ва даъват аз шоҳидоне шудааст, ки дар лаҳзаи рух додани ин иттифоқ дар боғи Парчами Миллӣ ҳузур доштаанд.

Судури ин ҳукми сангин бо вокуниши шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.