Октябр 22, 2018 13:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди додситони кулли Тоҷикистон аз мақомоти Бадахшон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатиро дар бетафовутӣ нисбати муроҷиату мушкилоти сокинони ВМКБ айбдор хонда, инчунин сатҳи пасти дониши хонандагон дар вилоятро мояи нигаронӣ донист.

Ба нақл аз Спутник, Юсуф Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону масъулини ВМКБ изҳор дошт, ки бетафовутии мақомоти давлатӣ ба муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ боис шудааст, ки нафарони корафтода масъалаҳои худро дар мувофиқа бо гуруҳҳои ҷиноӣ ҳал мекунанд.

 Аз фурсат истифода бурда, таъкид мекунам, ки дигар ягон кас бахшида намешавад, новобаста аз вазъи ишғолнамудааш. Ҷинояткор бе ҷазо намемонад ва ҷои ҷинояткор муассисаҳои ислоҳӣ мебошад”, - афзуд додситони кулли Тоҷикистон.

Ӯ инчунин қарорҳои раисони ҳукуматҳои маҳаллиро ҳангоми тақсими замин мояи нигаронӣ хонд.

Дар баробари ин Юсуф Раҳмон аз саривақт барнагардондани қарзҳои бонкӣ зикр кард, ки тибқи омори ироакардааш маблағҳои нисбатан калонро худи роҳбарону масъулини бонкҳои давлатию тиҷоратӣ ва мансабдорон гирифтаанд.  Ӯ ҳаҷми умумии қарзҳоеро, ки то ҳол ба бонкҳо баргардонда нашудаанд, 71  миллион сомонӣ арзёбӣ кард, ки ҳудуди 48 миллиони он ба “Тоҷиксодиротбонк” рост меояд.

Дар мавриди маблағҳои мардум, ки дар бонкҳо дармондаанду шаҳрвандон наметавонанд бозпас гиранд ва мояи ниагронии гуруҳе аз аҳолӣ шудааст, додситони кулли Тоҷикистон чизе нагуфт.

Юсуф Раҳмон инчунин аз пардохти ғайриқаноатбахши ҳаққи барқ дар ВМКБ суҳбат кард, ки ба гуфтаи ӯ то 1 сентябр беш аз 5,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи аҳолӣ дар ВМКБ, ки нисбати сокинони дигари ҷумҳурӣ нархи баландтарро барои нерӯи барқ пардохт мекунанд,  муодили 2,2 миллион сомонӣ, қарзи муассисаҳои буҷетӣ - 1,4 миллион сомонӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ ба 2,7 миллион сомонӣ баробар шудааст.