Октябр 23, 2018 12:46 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии ҳувияти се тоҷики кушташуда дар Ленингради Русия

 Ҳувияти се шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари инфиҷори рӯзи 19 –уми октябр дар корхонаи тавлиди пиротехникаи вилояти Ленингради Русия ҷон бохтанд, маълум шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 22 –юми октябр номи ин қурбониёнро нашр кард.

Ин се қурбонӣ Расулов Аҳлиддин Акрамҷонович, мутаваллиди 1996, зодаи  шаҳри Ваҳдат, Акмалзода Осимҷони Ҷумъа, мутаваллиди 1996, зодаи ноҳияи Тавилдара ва Муҳаммадалиев Комилҷон Раҳмонович, мутаваллидм 1970, зодам шаҳрм Леваканд (Сарбанди собиқ) ҳастанд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 22 –юми октябр ба сомонаи “Ахбор” гуфтааст, кормандони намояндагӣ ҳамроҳ бо сарконсулгари Тоҷикистон дар Санкт - Петербург ба наздикони қурбониён барои ҳар чӣ зудтар ба ватан фиристодани аҷсоди ҳар се шаҳрванди Тоҷикистон тамоми кумак ва ёриро хоҳанд расонд.

Рӯзи 19 -уми октябр дар коргоҳи тавлиди маводи пиротехника дар вилояти Ленинград, дар 50 километрии ҷануби шаҳри Санкт - Петербург инфиҷори пурқурбонӣ сурат гирифт, ки бар асари он чаҳор нафар ҷон бохтанд ва 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Се нафар аз ҷонбохтагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва якеи дигар аз Белорус буд.

Таҳқиқ дар бораи ин ҳодисаро Кумитаи бозрасии Русия анҷом медиҳад.

Ин ниҳод ахиран хабар додааст, ки сармуҳандиси ин корхонаро масъули ин ҳодиса медонанд.