Тавзеҳоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи парвандаи саркардагони Бадахшон
(last modified Tue, 23 Oct 2018 10:44:26 GMT )
Октябр 23, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи парвандаи саркардагони Бадахшон

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз алайҳи саркардагони гурӯҳҳои ғайрирасмии Бадахшон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин мақомот гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир танҳо таҳқиқи бархе аз мавориди иттиҳомӣ дар заминаи корҳои ҷиноӣ ва ғайриҷиноии саркардагони гурӯҳҳои ғайрирасмии Бадахшон дар ҷараён аст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз ин саркардаҳо ба номи Толиб Айёмбеков ба “Азия плюс” гуфтааст, ки ба ҷуз таъхир дар бозпардохти қарзи 500 ҳазор сомонӣ дигар ҳеҷ эроде аз ҷониби мақомот дар қиболи ӯ матраҳ нест.

Айёмбеков афзуд, ба зудӣ ин маблағро ба бонк пардохт хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон Толиб Айёмбеков ба ҳамроҳи чаҳор нафари дигар, ба шумули Ёдгор Шоҳасламов, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро омилони аслии ноамнӣ ва бесуботӣ дар Бадахшон муаррифӣ кардаанд.