Ноябр 03, 2018 11:58 Asia/Dushanbe
  • Сӯхтгирӣ – мушкили бузурги ҳавопаймоҳои Тоҷикистон

Панҷ сол аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – и Тоҷикистон барои гирифтани сӯхт дар масири парвоз дар шаҳрҳои кишварҳои минтақа фуруд меоянд, ки бо тӯлонӣ шудани муддати парвоз, бо зиёни мусофирон ҳамроҳ аст ва касе ҳам омода нест хисороти онро пардохт кунад.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, панҷ сол пеш ширкати таъмини сӯхти фурудгоҳҳои Тоҷикистон маҳдудияти сӯхтгириро ба иллати камбуди бензини ҳавопаймо дар Тоҷикистон эъмол кард ва то ба имрӯз ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” барои расидан ба мақсад маҷбуранд, ки дар кишварҳои ҳамсоя фуруд оянд ва бо гирифтани сӯхт дубора ба парвоз идома диҳанд.

Ба гуфтаи Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, ҳавопаймоҳои ин ширкат дар масири парвоз барои гирифтани сӯхт дар фурудгоҳи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон фуруд меоянд, ки муҷиби тӯлонӣ шудани замони парвоз ва нороҳатии мусофирон, ба вижа кӯдакон мешавад.

Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” –и Тоҷикистон низ дар миёнаи роҳ барои гирифтани сӯхт дар фурудгоҳи шаҳри Тирози Қазоқистон фуруд меоянд, ки вазъи мушобеҳе бо ширкати “Тоҷик Эйр” доранд.

Ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини сӯхти ҳавопаймоҳои мусофирбариро бар ӯҳда дорад, қарзи ин ширкатҳоро яке аз сабабҳои бурузи ин буҳрон медонад.

Агар дар авалҳои соли ҷорӣ қимати 1 тон сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон 1 ҳазору 100 доллар буд, акнун ба 1 ҳазору 500 доллар расидааст ва ширкатҳои хориҷӣ низ эълом кардаанд, ки бидуни пешпардохт ба ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон сӯхт нахоҳанд фурӯхт.